Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагони ИМА буҷа барои мудофиаро пазируфт


Маҷлиси намояндагони ИМА баъд аз баҳсҳои тулонӣ тарҳи буҷаи дифоии кишвар барои соли ояндаро пазируфт. Маблағи буҷа 606 миллиард доллар муқаррар шудааст. Аз ин санад 326 вакили Маҷлиси намояндагон, ки дар он бештари курсиҳоро ҷумҳурихоҳон ишғол кардаанд, пуштибонӣ намуданд, 90 нафар муқобили он раъй доданд.

Гуфта мешавад, ки 518 миллиард доллар барои мудофиа ва 87,7 миллиард доллар барои амалиёти низомӣ дар Афғонистон ва дигар кишварҳо пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад Сенат, ки дар он демократҳо аксариятро ташкил медиҳанд, ин санадро моҳи оянда баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG