Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали дувуми Фотеҳ Мухторов дар риштаи сумо


Фотеҳ Мухторов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба сумо дар Итолиё медали нуқра ба даст овард.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Венетсия ду рӯз идома кард, варзишгарони даҳ кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ду нафар – Фотеҳ Мухторов ва Муҳаммад Сафаров намояндагӣ карданд.
Ҳарду дар вазни беш аз 115 килограмм рақобат намуданд. Фотеҳ Мухторов бар се рақибаш аз Норвегия, Лаҳистон ва Олмон пирӯз шуд ва ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақиби итолиёвиаш мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб кард. Муҳаммад Сафаров, ки дар чунин мусобиқа барои бори аввал иштирок дошт, дар даври муқаддамотӣ ноком шуд.

Бояд гуфт, ки Фотеҳ Мухторови 45-сола поягузори гуштии ҷопонии сумо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вай даҳ сол инҷониб ба ин навъи варзиш машғул аст. Бо ибтикори Фотеҳ Мухторов ҳафт сол муқаддам Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон таъсис ёфта буд ва аз ҳамон сол ӯ раҳбари ин созмон аст.

Фотеҳ Мухторов дар намуди сумо ба Тоҷикистон дувумин медал овардааст. Аввалин бор ӯ моҳи июни соли гузашта дар мусобиқаи кушодаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Лас-Вегас дар рақобатҳо дар вазни беш аз 115 кило (воқеъан, вазни Фотеҳ 135 кг ва қадаш 1 м 80 см аст) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуда буд.

“Ман аввал медали бириҷӣ, баъдан медали нуқра ба даст овардам ва мекӯшам, ки дар мусобиқаи оянда соҳиби медали тилло шавам,” - гуфт ба “Озодӣ” Фотеҳ Мухторов.
XS
SM
MD
LG