Фотеҳ Мухторов, раиси Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин ҷашнвора ба 20-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷопону Тоҷикистон бахшида шудааст. Ташкилкунандагони ҷашнвора Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин ҷашнвора беҳтарин варзишгарони тоҷик дар навъҳои ҳунарҳои муҳорибавии ҷопонӣ – айкидо, дзюдо, каратедо киокушинкай, кендо ва сумо ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҷашнвора рӯзи шанбе, соати 11 дар Кохи Ҷомии пойтахти кишвар оғоз меёбад.”
Бояд гуфт, ки Фотеҳ Мухторов поягузори гуштии ҷопонии сумо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вай даҳ сол инҷониб ба ин навъи варзиш машғул аст ва бо ибтикори ӯ ҳафт сол муқаддам Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Фотеҳ Мухторови 45-сола дар намуди сумо ба Тоҷикистон аввалин медал овардааст. Ӯ моҳи июни соли гузашта дар мусобиқаи кушодаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Лас-Вегас дар рақобатҳо дар вазни беш аз 115 кило (воқеъан, вазни Фотеҳ 135 кг ва қадаш 1 м 80 см аст) ҷои севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Мухторов дар ин ҷашнвора ҳамроҳи ӯ паҳлавонони ҷавону умедбахш, монанди Хуршед Пӯлодов ва Эраҷ Азизов, нозукиҳои суморо ба тамошогарон намоиш хоҳанд дод.
Фотеҳ Мухторов дар охири сӯҳбат гуфт, “мо аз ҳоло ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба сумо, ки рӯзҳои 26-28-уми октябри соли равон дар Ҳонконг баргузор мешавад, омодагӣ мебинем.”