Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аз боздошти Бахтиёр Ғаниев, нафаре, ки 6 август аз дасти пулис дар Хуҷанд фирор карда буд, хабар дод. Фирӯз Боқиев, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нафарро кормандони милиса боздошт карданд ва ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи Хуҷанд қарор дорад.
Айни замон, дар оғози ҳафтаи ҷорӣ расонаҳои хабарӣ иттило доданд, ки Бахтиёр Ғаниев, сокини шаҳри Чкалов дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз сӯи кормандони вазорати корҳои дохилии он кишвар боздошт шудааст. Бахтиёр Ғаниев, сокини шаҳри Чкалов вақте аз бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд фирор кард, ки таҳти нигаҳбонии милисаҳо буд ва додгоҳ амри боздошташро содир намуд.
Ин сокини шаҳри Чкалов як дучархасаворро дар роҳи Қайроқум бо автомобили «Лексус» мезанад, ки ахирӣ ба ҳалокат мерасад, аммо Ғаниев фирор мекунад ва пас аз чанд рӯз боздошт мешавад. Алайҳи яке аз милисаҳои посбон барои саҳлангорӣ парванда боз шудааст.
Бахтиёр Ғаниев, собиқ корманди «Тоҷикстандарт»-и вилояти Суғд будааст. Ӯ замони масъули «Тоҷикстандарт» буданаш се корманди милисаро корд зада ва аз сӯи додгоҳ равонаи зиндон мешавад, аммо бар пояи қонуни авфи моҳи сентябри соли гузашта, озод шуда, дар шаҳри Чкалов зиндагӣ мекард.