Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон аз чархиш дар қиёмҳои Сурия мегӯянд


Ба думболи қатли се мақоми олирутбаи ҳукумати Сурия, Абдулбасит Сайдо, як раҳбари мухолифони давлат, эълом кард, ки қиёмҳои мардумӣ “ба як чархиши муҳим дар таърихи худ” расидааст. Рӯзи чаҳоршанбе бар асари инфиҷоре дар шаҳри Бағдод, Довуд Роҷҳа, вазири дифоъи Сурия, Осиф Шавкат, бародарзодаи Башшор Асад ва муовини вазири дифоъ ва Ҳасан Туркоманӣ, мудири раёсати ҳалли бӯҳронҳо дар он кишвар кушта шуданд. Иброҳим ал-Шиъор, вазири умури дохилӣ бино ба гузоришҳо сахт маҷрӯҳ шудаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳамлаи ба мақомоти баландпояи Сурия нишон медиҳад, ки Башшор Асад, “назорати авзоъ” дар Сурияро аз даст медиҳад ва Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё хостори истеъфои Башшор Асад шуд. Қарор аст, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешнависи як қатъномаи нав дар мавриди Сурияро баррасӣ кунанд, агарчӣ интизор мешавад, ки Чину Русия ҳаргуна қатъномаи дорои таҳрим алайҳи режими Башшор Асадро вето гузоранд.
XS
SM
MD
LG