Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари фирорӣ дар Суғд


Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аз боздошти Бахтиёр Ғаниев нафаре, ки 6 август аз дасти пулис дар Хуҷанд фирор карда буд, хабар дод.

Фирӯз Боқиев, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нафарро кормандони милиса боздошт карданд ва ҳоло дар боздоштгоҳи Хуҷанд қарор дорад.

Вале дар авоили ҳамин ҳафта расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки Бахтиёр Ғаниев, сокини шаҳри Чкалов дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз сӯи кормандони вазорати корҳои дохилии он кишвар боздошт шудааст.

Бахтиёр Ғаниев, сокини шаҳри Чкалов, вақте аз бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд фирор кард, ки таҳти нигаҳбонии милисаҳо буд ва додгоҳ амри боздошташро содир намуд.

Ин сокини шаҳри Чкалов як дучархасаворро дар роҳи Қайроқум бо автомобили «Лексус» мезанад, ки ахирӣ ба ҳалокат мерасад, аммо Ғаниев фирор мекунад ва пас аз чанд рӯз боздошт мешавад. Алайҳи яке аз милисаҳои посбон барои саҳлангорӣ парванда боз шудааст.

Дар мавриди фирори ин боздоштшуда аз чанголи кормандони милиса сару садоҳои зиёд ба миён омад.
Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ба истиснои ин фарзия, ки боздоштшуда худ милисаҳоро фиреб ё латукӯб карда, фирор кардааст, фарзияи дигар ҳам вуҷуд дорад: «Шояд миёни милисаҳо ва фирорӣ як муомилае дар миён буд, ки бо маслиҳати пешакӣ ӯро раҳо кардаанд. Ҷинояткор ва муттаҳам новобаста аз он, ки террорист аст ё ҷинояткори давлатӣ, бояд аз сӯи милисаҳо хуб ҳимоят шавад. Бояд дастбанди оҳанӣ дошта бошад. Вагарна чӣ тавр метавонад як тан аз дасти се нафар фирор кунад?»

Бахтиёр Ғаниев, собиқ корманди «Тоҷикстандарт»-и вилояти Суғд будааст. Ӯ замони масъули «Тоҷикстандарт» буданаш се корманди милисаро корд зада ва аз сӯи додгоҳ равонаи зиндон мешавад, аммо бар пояи қонуни авфи моҳи сентябри соли гузашта, озод шуда, дар шаҳри Чкалов зиндагӣ мекард.
XS
SM
MD
LG