Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яман шабакаи ҷосусии Эронро ифшо кардааст


Вазорати корҳои дохилаи Яман аз ифшои як шабакаи ҷосусӣ хабар додааст. Ин шабака аз Эрон раҳбарӣ мешудааст. Бино ба хабари вазорат, ҷосусҳо дар нимҷазираи Сомалӣ фаъолият мекардаанд ва раҳбарии онҳоро узви пешини Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон аз шаҳри Санъои Яман бар ӯҳда доштааст.

Баъд аз нашри ин хабар, Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳури Яман ҳушдор дод, ки агар фаъолияти ин шабака қатъ нагардад, ҷузъиёт дар бораи фаъолияти ин гурӯҳро дар арсаи байналмиллалӣ ифшо мекунад.

Пештар Ҷералд Файерштайн-сафири Амрико дар Яман изҳор дошта буд, ки Эрон аз гурӯҳҳои шиа дар шимоли Яман ҳимоят мекунад ва дар ҷануби кишвар ба ҷудоихоҳон кӯмак мерасонад.

Аммо Теҳрон дар посух ба ин ҳарфҳо гуфт, ки ба умури дохилии Яман на Эрон, балки Амрико дахолат мекунад.

Дар давоми ним соли гузашта шумораи зарбаҳои дақиқи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико ба шӯришиёни Яман бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG