Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷоре дар Булғористон 7 нафар кушта шуданд


Дуди инфиҷори автобус дар фурудгоҳи Бургас
Дуди инфиҷори автобус дар фурудгоҳи Бургас
Мақомоти интизомии Булғористон мегӯянд, бар асари инфиҷоре, ки дар фурудгоҳи Баҳри Сиёҳ рух дод ва сайёҳони исроилӣ ҳадаф қарор гирифитанд, 7 нафар кушта шудаанд. Ин бам дар автобусе кор гузошта шуда будааст.

Николай Младенов-вазири корҳои хориҷаи Булғористон телефонӣ дар бораи ин ҳодиса ҳамтои исроилии худ Авидгор Либерманро огаҳ сохт.

Фурудгоҳи Бургас дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар 400 километрии шаҳри София-пойтахти Булғористон ҷойгир аст. Младенов ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, барои боздошти дастандаркорони он ҳамаи тадобири имкондоштаро ба кор хоҳанд бурд.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ин ҳамларо маҳкум кард ва онро “кирдори ваҳшиёнаи террористӣ” номид.
XS
SM
MD
LG