Мансабдорони афғон мегӯянд, ҷангҷӯён 23 мошини боркашро, ки барои интиқоли муҳиммоти паймони НАТО ба Афғонистон истифода мешуданд, тахриб намудаанд. Халил Андаробӣ раиси амнияти вилояти шимолии Самангони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз байни миёни мошинҳои тахрибшуда ҳадди ақалл 19-тоаш барои интиқоли маводи сӯхт истифода мешуданд. Ӯ афзуд, ки як ронанда ҷароҳат бардоштаву аҳволи ронандагони дигар маълум нест. Мошинҳо дар минтақаи Работаки Самангон таваққуф намуда буданду ронандагон истироҳат мекарданд. Ба навиштаи Ассошиэйтед пресс корвони мошинҳо аз Узбакистон ба Афғонистон ворид шуда буд. Ҳафтаи равон се мошини боркаш, ки дар интиқоли муҳиммоти паймони НАТО истифода мешуданд, дар вилояти Вардаки Афғонистон аз тарафи ҷангҷӯён тахриб шуда буданд.