Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

260 ҳазор китоби дарсӣ дар "асорат"-и Тошканд монд


Kazakhstan - Freight trains at the station, railways, railway carriages. Astana, 16Oct2011.
Kazakhstan - Freight trains at the station, railways, railway carriages. Astana, 16Oct2011.

Мақомоти Узбакистон беш аз 260 ҳазор китоби дарсӣ барои синфҳои ибтидоии Тоҷикистонро дар истгоҳи Тирмиз мутаваққиф кардаанд.

Эраҷ Одинаев, сардори шӯъбаи шикоятҳо ва бозрасии Роҳи оҳани Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин китобҳо барои хонандагони синфҳои як то чаҳори Тоҷикистон дар чопхонаҳои Чин нашр шуда, тариқи роҳи оҳан бояд ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд.

Вай афзуд, далели боздошти китобҳоро гумруки Узбакистон дар ҳуҷаттҳо нодуруст хонапурӣ шудани санадҳои марбут ба интиқоли китобҳои дарсӣ арзёбӣ кардааст, аз ҷумла дар ҷое, ки бояд шумораи китобҳо оварда шавад, рақами дигар навишта шудааст.

Эраҷ Одинаев мегӯяд, танҳо ҳамин мушкили санадгузорӣ боиси нигоҳдории вагонҳои ҳомили китобҳои дарсии ибтидоӣ буда, дигар ангезае, ки боиси боздошти вагонҳои китоб шуда бошад, ҷой надорад.

Фармоишгари ин китобҳо ширкати «Собириён» - и Тоҷикистон аст. Як намояндаи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раҳбараш ҳоло дар Тирмиз қарор дорад, зеро гумруки Узбакистон ширкати «Собириён» - ро ба додгоҳ кашидааст. Ба гуфтаи ӯ, мурофиаи додгоҳӣ, ки бояд имрӯз оғоз мешуд, ба рӯзи дигар қафо андохта шудааст.

Вагонҳои ҳомили китобҳои дарсӣ аз Чин ба истгоҳи роҳи оҳани Тирмиз як моҳи пеш расида буд.
XS
SM
MD
LG