Владимир Чиркин-фармондеҳи нируҳои пиёданизоми Русия ба матбуоти кишвараш гуфтааст, ки Тоҷикистон ба шарту шароити Маскав дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар розӣ шудааст.
Шарту шароит ин будааст, ки Маскав барои иҷораи ин пойгоҳ ба Душанбе ҳақе пардохт намекунад. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш нашрияи “Коммерсант”-чопи Маскав аз қавли як манбаи наздик ба Душанбе навишт, ки Тоҷикистон барои иҷораи ин пойгоҳ соле аз Русия 250 миллион доллар хостааст.
Владимир Чиркин дар изҳороти нави худ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон мехоҳад, ин созишнома ба зудӣ таҳия ва такмил шавад.
Чиркин чунин мегӯяд: “Тоҷикистон бар ин ақида аст, ки созишномаи миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия барои 49 соли дигар қобили қабул аст”.