Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ба иттиҳоми пайравӣ аз Ҳизб-ут-таҳрир


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон чаҳор нафарро бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир боздошт кардаанд.

Ҳеҷ як аз мақомот то ба ҳол дар ин маврид иттиллои саҳеҳ пешниҳод накарданд, аммо манобеи ин ҳизб тариқи шабакаҳои интернетӣ эълом доштанд, ки соҳибхона Шӯҳрат Ҳаётов, сокини шаҳри Душанбе, меҳмони ӯ аз шаҳри Хуҷанд - Ҳошим Маҳмудов ва ду нафари дигарро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт кардаанд.

Ин манбаъ онҳоро «ду ҷавони мухлиси мусулмон» унвон мекунад, ки бо гумони узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудаанд. Тибқи ин манбаъ, боздоштшудагон аз хадамоти вакили дифоъ баҳравар нестанд ва хешовандонашон аз муроҷиат ба мақомот ҳарос доранд.

Боздоштҳои аввалин аъзои Ҳизб-ут-таҳрир дар Тоҷикистон ба охири даҳаи 90 – уми асри гузашта рост меояд. Мақомоти аъзои ин ҳизбро аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 187 (ташкили гурӯҳи ҷиноӣ), 189 (барангехтани низои динӣ, миллӣ, нажодӣ ва маҳаллӣ) ва 307 (даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият) муттаҳам мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон аз соли 2001-ум ба ин сӯ Ҳизб-ут-таҳрирро ба ҷумлаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ворид кардааст, ки ғояҳояш истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистонро таҳти суол қарор медиҳад, зеро онро ҷузъе аз хилофат - ҳадафи ниҳоии ҳизб мешиносанд. Масъулони Тоҷикистон борҳо эълом доштаанд, ки Ҳизб-ут-таҳрир аз хориҷ ва барои барҳам задани суботи кишвар сармоягузорӣ мешавад.

Ин созмон дар Осиёи Марказӣ сароғоз дар Фарғонаи Узбакистон дар соли 1995-ум пайдо шуд ва аз он ҷо ба вилояти Суғди Тоҷикистон роҳ ёфт. Аввалин боздоштҳои ин ҳизб ба соли 1999-ум рост меоянд.

Ду моҳи қабл ҳудуди панҷоҳ тан аз пайвандони аъзои зиндонии Ҳизб-ут-таҳрир низ бо ирсоли нома ба раисҷумҳури Тоҷикистон хостори озод шудани наздикони худ ба далели "бегуноҳӣ" шуданд.

Бино ба мактуби зиндониёни Ҳизб-ут-таҳрир, то ба имрӯз 400 узви ин ҳизб маҳкум ва озод шуда, ҳоло ҳудуди 300 нафар дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Онҳо ҳамагӣ аз 5 то 10 сол ҳукм гирифтаанд ва умдатан дар зиндонҳои низоми умумӣ дар Хуҷанд, Душанбе ва Қӯрғонтеппа ҳукми худро сипарӣ мекунанд.Тайи даҳ соли охир аз ҳукми аъзои ин ҳизб танҳо тибқи Қонуни афви соли 2011-ум дусолӣ кам шудааст.
XS
SM
MD
LG