Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати футболбозони наврас ба Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон даъват шудааст.

Мусобиқаи байнулмилалӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон аз 20-ум то 30-юми сентябр дар шаҳри Ишқобод баргузор мешавад.

Ин мусобиқаи анъанавӣ ҳарсол моҳи феврал бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Туркманистон доир мешуд. Бо пешниҳоди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ин мусобиқа ба моҳи сентябр гузаронида шуд ва он дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ шудани Консепсияи раёсати Туркманистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2012-ум барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳур ва 20 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, ба 10 ҳазор доллар ва дастае, ки ҷойи севумро касб мекунад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.

Дар мусобиқоти пешин дастаҳои бузургсолон аз Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Русия, Украина, Узбакистон, Тоҷикистон, Эстония, Баҳрайн, Эрон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд ва Туркманистон ширкат карда буданд. Имсол бо тасмими ташкилкунандагони мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон талош хоҳанд кард.

Дар тӯли 15 сол се бор дастаҳои меҳмон – «Истиқлол”-и Эрон (1998), «Торпедо»и Гурҷистон (2002) ва «Дачия»-и Молдова (2006) барандагони Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон шудаанд.

Тимҳои мизбонон - «Ниса» чаҳор бор (1999, 2003, 2004, 2005), "Копетдоғ" (1995, 1996, 2001) ва МТТУ (2007, 2008, 2009) себорӣ, дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи Туркманистон (1997) ва мунтахаби Ишқобод (2000) якборӣ Ҷомро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG