Дар рӯзи сеюмин солгарди куштори ҳомии ҳуқуқи башар Наталия Эстемирова ҳаводорони ӯ таъкид карданд, ки Кремл дар тафтиши ин парванда харобкорӣ мекунад. Эстемирова 15-уми или соли 2009-ум дар ҷумҳурии Чеченистон ибтидо рабуда шуда, сипас ба қатл расидааст. Олег Орлов раиси созмони дидбони ҳуқуқи башар бо номи Мемориал дар сӯҳбат бо Радиои Эхо Москви гуфтааст, ки то кунун масъулони воқеии ин куштори ташхис нашудаанд.
Ба қавли Орлов мақомот дар Маскав ва Чеченистон ба таҳқиқи парванда монеа эҷод мекунанд. Дар як изҳороти худ созмони ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International (Афви Байналмилал) навиштааст, ки зоҳиран мақомоти Русия хоҳиш надоранд масъулони ин кушторро пайдо кунанд. Қабл аз куштораш Эстемирова, ки дар Мемориал ифои вазифа мекард, бо таҳқиқи поймолшавии ҳуқуқи башар аз тарафи нерӯҳои содиқ ба раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров машғул будааст.