Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мехоҳад таҳрими нафтро беасар кунад


Рустам Қосимӣ-Вазири нафти Эрон
Рустам Қосимӣ-Вазири нафти Эрон
Вазорати нафти Эрон рӯзи шанбе иброз дошт, ки ин кишвар барномаеро ба хотири ҳифзи содироти нафташ тарҳрезӣ намудааст, ки ҳадаф аз он бетаъсир намудани таҳримҳо мебошад. Ду ҳафта пеш Иттиҳодияи Аврупо вуруди нафти Эронро мутаваққиф намуд. Вазири нафти Эрон Рустам Қосимӣ дар бораи барномаи кишвараш тафсилоти бештар надод, вале қаблан мансабдорони эронӣ гуфта буданд, ки як консортсиуми ширкатҳои хусусиро ташкил мекунанд, то таҳримҳо беасар шаванд.
Ҳамчунон рӯзи шанбе фармондеҳи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Алии Фадавӣ гуфт, дар ҳоли сар задани муқовимат Эрон иҷозат нахоҳад дод, ки ҳатто як қатра нафт аз гулӯгоҳи Ҳурмуз убур намояд. Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии барномаи ҳастаии Эрон тавлиди силоҳи ҳастаӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷумҳурии исломӣ таҳти фишор қарор дорад. Вале мақомоти Теҳрон исрор меварзанд, ки барномаи ҳастаии ин кишвар комилан осоишта аст.
XS
SM
MD
LG