Вазири хориҷаи Сурия гуфт, сафири пешини ин кишвар дар Миср баъд аз гузаштан ба ҷониби мухолифон бояд ба муҷозот кашонда шавад, зеро мухолифон мехоҳанд президент Башор Асадро аз қудрат барканор кунанд.
Дар эъломияи Сурия омадааст, “Навоф Фарес аз иҷрои вазифаи худ саркашӣ кард” ва бояд ба “масъулият кашонда шавад”. Фарес истеъфои худро рӯзи чаҳоршанбе дар як навори видеоӣ, ки дар Facebook гузошта шудааст, эълон кард.
“Ман истеъфои худро чун сафири Сурия дар Ироқ эълон мекунам. Ман ҳамчунин эълон мекунам, ки аз Ҳизби БААС хориҷ мешавам ва аз аъзои дигари ин ҳизб даъват мекунам, ки онҳо низ хориҷ шаванд, зеро ин режим худро ба василаи фишори мардум табдил медиҳад”.
Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷаи Миср рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Фарес Мисрро тарк кардааст ва ҳоло дар Қатар қарор дорад.