Гурӯҳе аз вакилони мардумии Русия дар Вашингтон қарор доранд, то ба эъмоли таҳримоти эҳтимолӣ алайҳи даҳҳо мақомоти расмии Русия мухолифат кунанд, ки ин мақомотро дар марги Сергей Магнитский, як вакили дифоъ гунаҳкор медонанд. Чаҳор узви Шӯрои Федератсияи Русия дар як ёддоште ба сенаторони амрикоӣ гуфтаанд, ки тафтиши муқаддамотии порлумон дар мавриди парвандаи Магнитский такмил шудааст. Дар ин ёддошт, ки Радиои Озодӣ, онро дид, омадааст, ин вакили дифоъи рус ҷинояткор буд ва иттиҳомот дар бораи азияти ӯ дар зиндон ва пинҳон доштани сабабҳои маргаш дуруст нест. Сергей Магнитский қазияеро дар бораи фиребкории мақомоти Русия ошкор кард ва баъди он дар зиндоне дар соли 2009 ҳалок шуд.