Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Озарбойҷон


Имрӯз сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Озарбойҷон идома мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, дирӯз вориди шаҳри Боку шуд ва бо Октай Асадов, раиси Маҷлиси Миллии Озарбойҷон дидору мулоқот кард. Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар аз ҷумла дар арсаҳои кишоварзӣ, беҳдошт, саёҳӣ ба имзо бирасад. Мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон тайи 5 моҳи соли равон 18 миллион долларро ташкил додааст. Боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Озарбойҷон фардо хотима меёбад.
XS
SM
MD
LG