Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Серфарзандӣ дигар "давлат" нест


Аҳолии Тоҷикистон солона 2,3 дарсад афзоиш меёбад, ки ин баландтарин нишондод дар миёни кишварҳои Осиё Миёна маҳсуб мешавад.

Аммо Тоҷикистон сар аз соли 2003 сиёсати «танзими оила»-ро пеш гирифтааст ва ҳамакнун мувофиқи ин сиёсат дар кишвар мисли замони шуравӣ серфарзандӣ ташвиқ ва дастгирӣ намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон низ бо барномаи танзими хонаводаҳо ба шаҳрвандон пайғом додааст, ки оилаҳои худро мувафиқи тавони молиашон бунёд кунанд. Ин нукта дар консеписияи сиёсати демографии Тоҷикистон барои солҳои 2003 ва 2014 дарҷ ёфтааст.

Вале бо вуҷуди ин барнома, мизони таваллуд дар кишвар боло боқӣ мондааст ва сабаби ин амрро коршиносон ба суннату оин ва мазҳаб марбут медонанд, ки фарзандро атои худованд ва ризқи онро азалӣ меноманд.

Исмоил Қаҳҳорӣ, рӯҳонии тоҷик мегӯяд, дини Ислом серфарзандиро мепазирад ва онро ташвиқ мекунад: «Дини мубини Ислом тарғиб мекунад, ки мусулмонон фарзанди бисёр дошта бошанд. Аммо ба шарте, ки падару модар аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд баромада тавонанд. Ҳамчунин шариат қатъи сунъӣ ва ё исқоти ҳамлро маҳкум мекунад».

Ҷаноби Қаҳҳорӣ афзуд, ҳамчунин мувофиқи таълимоти дини ислом фосилаи байни таваллуди фарзандаҳо риоя карда шавад, то ин ки ҳар як фарзанд ҳаққи худашро аз волидайнаш ба пуррагӣ гирифта тавонад. Вале мутаассифона мушоҳида мешавад ин талабот ҷо-ҷо дар Тоҷикистон сарфи назар карда мешавад.

Алишер Ашӯров, мутахассис оид ба рушди аҳолии Бунёди нуфуси СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, мизони афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбати солҳои шуравӣ коҳиш ёфтааст. Ӯ афзуд дар солҳои шӯравӣ ба ҳар як зан ба ҳисоби миёна 6 фарзанд рост меомад ва ҳоло бошад ин рақам то ба 3,6 дарсад поин омадааст:

«Ҳоло дар Тоҷикистон дар солҳои охир афзоиши аҳолӣ 2,2 ва 2,3 дарсад аст. Ва мувофиқи назарияҳои демографӣ , ин нишондоди хуб аст, аҳолии кишварро нисбатан ҷавон нигоҳ медо
рад».

Ҷаноби Ашуров афзуд, дар солҳои 2000-ум афзоиши аҳолӣ бинобар нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иқтисодӣ то ба 1,7 дар сад коҳиш ёфта буд.

Тавре мушоҳида мешавад мушкилоти иқтисодӣ аксарияти оилаҳои ҷавонро водор кардааст, ки дар масъалаи миқдори фарзандон аз прагматизм кор гиранд. Умед - як ҷавони тоҷик, ки дар садади бунёди оила аст, ба суоли мо дар мавриди чанд фарзанд доштан мехоҳад, чунин посух гуфт: «Ду фарзанд доштан мехоҳам. Чун дар шароити ҳозира тарбияи фарзанди бисёр мушкил аст ва ман мехоҳам фарзандонамро нағз тарбия кунам».

Константин Бондаренко, сарвари созмони “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” мегӯяд, ба таври сунъӣ кам ва ё зиёд кардан мизони таваллуд натиҷаи хуб надорад ва ин як навъ дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон аст. Ба назари вай, дар шароити кунунии рушди иқтисоди Тоҷикистон афзоиши бемайлони аҳолӣ ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ дорад:

«Гуфта наметавонам, ки афзоиши аҳолӣ сирф як неъмат аст. Агар ин тифлон фардо ҷои кору зист наёбанд ва худро дар зиндагӣ пайдо накунанд, фикр намекунам, ки аз таваллуд шудани онҳо манфиате бошад. Аммо кам шудани аҳоли ҳам мисли оне, ки дар Аврупо ба назар мерсад як мушкилот аст барои ҷомеа. Чунки аҳолии сини нафақа ба аҳолии ҷавону қобили меҳнат сарбории зиёд мешаванд ва мушкил пардохти нафақа ба вуҷуд меояд».

Ҷаноби Бондаренко афзуд, чанд фарзанд ба дунё овардан сирф кори ҳар як оила ҳаст, вале агар оила серфарзанд аст, набояд ба ҳамёни ҳукумат чашм дӯзад.
XS
SM
MD
LG