Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занҳои афғон алайҳи хушунат эътироз карданд


Имрӯз дар Кобул даҳҳо нафар алайҳи хушунат дар баробари занон эътирз карданд. Ба намоиши эътирозӣ занони узви парлумони Афғонистон низ ҳамроҳ шуданд.

Намоиш - вокуниш ба куштори як зани гумонбар дар хиёнат ба шавҳар дар вилояти Парвон буд – афроди мусаллаҳ зани 22-соларо дар пеши чашми сокинони маҳаллӣ тирборон карданд.

Мақомоти Афғонистон дар ин ҳодиса толибонро айбдор хонданд. Аммо онҳо ин иттиҳомро рад карда гуфтанд, ки муҷозоти зани зинокор аз рӯи қавонини шариат сурат нагирифтааст.

Раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ин кушторро маҳкум кард ва онро мухолиф ба меъёрҳои дини ислом номид.
XS
SM
MD
LG