Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири иқлимро гунаҳкори офатҳо хонданд


Донишмандони 40 кишвар дар як пажӯҳиши тозае гуфтаанд, ки зоҳиран тағйири иқлим сабаби хушксолӣ ва тамоюлҳои ғайриоддии ҳаво шудааст. Дар пажӯҳише, ки дар Маҷаллаи Ҷамъияти Ҳавошиносони Амрико нашр шудааст, донишмандон соли 2011-ро “соли ҳодисаҳои фавқуллода” хонда ва гуфтаанд, мумкин аст, хушксолӣ дар Амрико ва ҳавои ғайриоддӣ дар Бритониё ба сабаби тағйири иқлим бошад. Дар ин гузориш ҳамчунин ба афзоиши ихроҷи газҳои гӯлхонаӣ ишора карда ва гуфтаанд, мумкин аст, бо назардошти “муҳити тағйирёбандаи глобалӣ” шоҳиди ҳодисаҳои фавқуллодаи табии бештар шавем. Гузориши мазкурро 400 мутахассис аз 40 кишвар таҳия кардаанд.
XS
SM
MD
LG