Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандоз Сергей Бабиков соҳиби роҳхати олимпӣ шуд


Сергей Бабиков
Сергей Бабиков

Сергей Бабиков, варзишгари Тоҷикистон, ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон-2012-ро ба даст овард.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “Сергей Бабиков бо роҳхати Федератсияи байналмилалии тирандозӣ (ISSF) дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон ширкат хоҳад кард. Ин барои Бабиков севумин Олимпиада ба шумор меравад. Вай аз ин пеш дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соли 2004-ум дар Афинаи Юнон ва соли 2008-ум дар Пекини Чин ширкат карда буд.”

Сергей Бабиков дар Олимпиадаи Лондон дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр рӯзи 28-уми июл рақобат хоҳад кард. Вай чанд рӯз пеш дар Ҷоми ҷаҳон дар Мюнхени Олмон бо 571 имтиёз дар байни 80 варзишгар ҷойи 47-умро соҳиб шуд.

Ба ин тартиб то имрӯз 16 варзишгари Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии кишвар дар Олимпиадаи Лондон-2012 дохил шудаанд, ки инҳоянд: гурзандоз Дилшод Назаров, таэквандочиён Фарҳод Неъматов (80 кг) ва Алишер Гулов (+80 кг), муштзанҳо Анвар Юнусов (56 кг), Собирҷон Назаров (75 кг), Ҷаҳон Қурбонов (81 кг) ва Мавзуна Чориева (60 кг), гуштигирони тарзи озод Искандари Рустам (96 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Зелимхон Юсуфов (66 кг) ва Николай Ноев (55 кг), дзюдочиён Расул Боқиев (73 кг), Парвиз Собиров (90 кг), даванда Владислава Овчаренко (100 ва 200 м), шиновар Катерина Измайлова (тарзи озод, 50 м) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ, туфангча 10 м).
XS
SM
MD
LG