Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе коллеҷи омӯзиши англисӣ боз мешавад


Коллеҷи Спинакер ё Spinnaker College–и Бритониё, ки ба таълими забони инглисӣ машғул аст, дар Душанбе филиали худро боз мекунад.

Мушаррафа Абдуллоева-мудири коллеҷи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими расмии ифтитоҳи ин коллеҷ 10 июл дар маҳаллаи 102 шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Хонум Абдуллоева афзуд, таҳсил дар коллеҷ 10 моҳ давом мекунад ва таҷҳизоти дарсӣ ба хонандагон ройгон пешкаш мешавад. Ба қавли ӯ, солона 280 нафар аз синни 10 боло қабул мешаванд ва ҳаққи моҳонаи таҳсил 240 сомонӣ аст. Ба хонандагон устодони бритониёиву тоҷик дарс мегӯянд ва пас аз хатми таҳсил хонандагон шаҳодатнома мегиранд.

Коллеҷи Спинакер аз мактабҳои маъруфи забони инглисӣ дар ҷаҳон дониста мешавад ва дар 12 кишвар, аз ҷумла дар Эрон, Русия, Италия, ва дар Фаронса фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG