Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Иттиҳоди Авруосиё низ телевизион ташкил мешавад?


Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин рӯзи 9 июл пешниҳод кард, ки дар қаламрави ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Авроосиё шабакаи телевизионии назири “Евронйюс” таъсис шавад. Зимни суханрониаш дар баробари донишҷӯёни донишгоҳи славянии шаҳри Бокуи Озарбойҷон Наришкин гуфт, ки шабакаи иттилоърасонии мазкур на танҳо дар қаламрави кишварҳои сегонаи узви ин созмон, яъне Русия, Беларус ва Қазоқистон, балки инчунин дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин амал хоҳад кард.
“Мо бояд дар бораи ҳамдигар иттилои бештар дошта бошем”, гуфт раиси парлумони Русия. Наришкин аз Озарбойҷон даъват кард, ки ба узвияти ин иттиҳод шомил шавад.

ЕврАзЭС як созмон иқтисодӣ аст, ки бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин ташкил шуда, ҳадафаш ба ҳам овардани давлатҳои собиқ шӯравӣ аст. Феълан дар ин созмон Арманистон, Молдова ва Украина мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG