Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Суғд боздоштшуда дубора фирор кард


Дар шимоли Тоҷикистон ронанда Бахтиёр Ғаниеви 34 сола, ки зери назари посбонон қарор дошт, фирор кард. Вай барои куштори раҳгузар муттаҳам дониста мешавад. Барои боздошти дубораи вай ҷустуҷӯ идома дорад.

5 июл дар шаҳри Қайроқум Ғаниев савори мошини “Лексус” як марди 33 солаи дучархасаворро пахш кард ва аз ҷои ҳодиса ғайб зад. Вале баъдтар кормандони пулис вайро боздошт карданд. Ҳоло баъд аз фирор як моддаи ҷиноии дигар ба парвандаи вай илова хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG