Русия имрӯз дар мотами қурбониёни сели вайронгаре нишастааст, ки дар минтақаи Краснодар 171 нафарро кушт. Бар асари ин селу обхезӣ асосан шаҳри Кримск дар соҳили Баҳри Сиёҳ осеб дид, ки дар онҷо тақрибан 5 ҳазор хона зери об мондааст. Сокинони ин шаҳр, шаби якшанберо дар торикӣ ва бе обу барқу газ рӯз карданд. Айни замон якуним ҳазор нафар наҷотбахшон, дар маҳалли фалокат машғули коранд. Бинобар интиқодҳо аз амалкарди сусти мақомот дар ин фалокат, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия амр додааст, ки кори мақомоти масъул тафтиш карда шавад ва ба мардуми осебдида ҷуброн бипардозанд. Мақомоти расмӣ иддаъои сокинонро рад кардаанд, ки мегӯянд, сар додани оби зиёд аз обанбори ҳамин шаҳр сабаби обхезӣ дар Краснодар шудааст.