Дар ҷануби Афғонистон бар асари ду таркиш дасти кам 14 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Дар мавзеъи Арғистони вилояти Қандаҳор автобуси хурд бо мусофирон ба минаи рӯи раҳ бархӯрд. Вақте, ки як трактор барои имдоди осебдидагон ба ҷойи ҳодиса омад, таркиши дуюм ба вуқуъ пайваст.
Масъулияти ҳодисаро ҳанӯз касе бар ӯҳда нагирифтааст.
Як рӯз аз ин пеш бар асари таркишу тирандозиҳо дар ҷануби Афғонистон 11 нафар, аз ҷумла, 4 кудак, кушта шуданд.
Ба иттилои СММ, соли 2011 дар Афғонистон 3021 тан аз сокинони осоишта ҷон бохтанд.