Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳимтарин ихтирооти сад соли ахир кадом аст?


Сад соли ахир шоҳиди ихтироот ва навовариҳое мебошад, ки таърихи башарият амсоли онро то кунун ёд надорад.

Аз ихтирои барқу телефон то радиову телевизион ва мошину компютеру шабакаи интернету мушакҳои моҳвораӣ. Аммо дар миёни ин ҳама кашфиёт ва навовариҳо, ки бидуни шак ҳар яке аз вижагиҳое бархӯрдор мебошад, муҳимтарини он кадом аст?

Наворбардори «Озодӣ» ин дафъа аз раҳгузарони хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон, ки аз ақшори гуногуни ҷомеа ва аз сину соли мухталиф иборат буданд, пурсид, ки «Муҳимтарин ихтирооти сад соли ахир кадом аст?»

Яке аз пурсидашудагон барқро бузургтарин ихтирооти аср медонад, ки «зиндагии инсонҳоро осон кардааст.»

Дигаре ракета ва ё мушакро бузургтарин ихтироот меҳисобад, «зеро инсоният метавонад бо он аз фазои замин берун баромада ба коинот равад ва аз онҷо тасвири заминро бинад ва спутникҳо равона кунад, зеро интернет, алоқа ва коммуникатсия ин ҳама аз мушакҳои моҳвораӣ вобаста аст.»

Нафаре ҳам рушд ва пешравӣ дар микрохирургияро ихтирооти муҳим мешуморад, ки ҳаёти инсонҳоро наҷот мебахшад.

Бахши бузурги пурсидашудагон компютер ва интернетро кашфиёти муҳим медонанд, ки дар ҷаҳони муосир пешрафт бидуни онҳо тасаввурнопазир аст.

Аммо худи Шумо чӣ назар доред: Ба назари Шумо муҳимтарин ихтирооти сад соли ахир кадом аст ва чаро?

Муҳимтарин ихтирооти асри ҷадид кадом аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
Муҳимтарин ихтирооти сад соли ахир кадом аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG