Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антонеску раисиҷумҳури муваққати Руминия эълон шуд


Траян Бэсеску
Траян Бэсеску
Крин Антонеску, намояндаи эътилофи нахуствазири Руминия Виктор Понта, муваққатан ба курсии раисиҷумҳур нишаст. Тасмим дар бора баъд аз он гирифта шуд, ки ахиран парлумони Руминия ваколати раисиҷумҳур Траян Бэсескуро мутаваққиф кард. Эътилофи ҳукмрон дар парлумон раисҷумҳурро дар он айбдор мекунад, ки ҳангоми коҳиши хароҷоти буҷа барои соли 2010 берун аз ваколатҳояш пой гузоштааст.

Тайи 30 рӯз бояд дар кишвар райъдиҳӣ дар мавриди аз мақом барканор кардани раисиҷумҳур баргузор шавад. Агар интихобкунандагон аз импичменти парлумон пуштибонӣ накунанд, Бэсеску дубора ба ифои вазифаи сарвари Руминия бармегардад. Панҷ сол пеш ҳамин гуна раъйпурсӣ доир шуда буд ва он вақт бештари мардум аз Бэсеску пуштибонӣ карданд.

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз бӯҳрони сиёсӣ дар Руминия изҳори нигаронӣ карданд ва аз мақомоти кишвар даъват намуданд, ки ба принсипҳои демократӣ ва волояти қонун арҷ гузоранд.
XS
SM
MD
LG