Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии ду рӯзноманигори тоҷик дар як ҳафта


Дар ҳафтаи ҷорӣ ду хабарнигори тоҷик даст ба худкушӣ заданд.

Шаби якум ба дуввуми июли соли ҷорӣ Абдуҷаббор Пардаев, саркоргардони телевизиони «Ҷаҳоннамо» худро ба дор овехта ва ҳалокат шудааст.

Ҷасади ӯро аз манзили зисташ аз хобгоҳи кормандони телевизиони Тоҷикистон пайдо мекунанд. Абдуҷаббор Пардаев соли 1973 дар деҳаи Кӯҳони болои ноҳияи Ҳисор ба дунё омада ва дар ҳамонҷо дафн карда мешавад. Иллати даст ба худкушӣ задани ӯ маълум нест. Бархе аз ҳамкоронаш мегӯянд, ки ӯ мутахассиси хеле хуб буд, вале шояд дар муҳити оилавӣ чи мушкилоте доштааст, ки вақтҳои ахир парешону мушавваш ба назар мерасид.

Ҳамчунин чанд рӯзи пеш ҷасади Рухшона Қозиева, корманди шабакаи «Баҳористон»-ро аз рӯди Варзоб пайдо мекунанд. Рухшона муҳассили курси дуввуми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда ва барои шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» барномаҳо таҳия мекардааст.

Сабаби марги ин рӯзноманигори нуздаҳсола низ номаълум аст. Устодон ва ҳамкурсон ӯро донишҷӯи хушрафтор ва дорои ахлоқи накӯ тавсиф карданд. Вай дар хонавода духтари ягона буда ҳамроҳ бо волидон дар маҳаллаи километри ҳафтуми шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст.

Рӯхшона бисёр мехостааст, ки рӯзноманигор шавад ва ҳатто ба гуфтаи шиносҳояш баъди дохил шудан ба риштаи рӯзноманигории донишгоҳ падару модараш як зиёфтаи хос низ ташкил кардаанд.
XS
SM
MD
LG