Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаи Т.Ниёзова дар қатори панҷгонаи беҳтарини Аврупо


Таронаи “My heart makes boom-boom”-и овозхони ҷавону шинохта тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни байнулмилалии созу наво, ки дар Монтонегро баргузор шуд, мақоми панҷумро ишғол кард.

Ин фестивали 18-умини мусиқи театрӣ зери унвони “Suncane skale 2012” бо ширкати ҳунармандони ҷавони 24 давлати ҷаҳон аз 2-юм то 4-уми июли соли ҷорӣ сурат гирифт.

Гулчеҳра Ниёзова модари Таҳмина Ниёзова ба радиои «Озодӣ» гуфт, интихоби таронаҳо ба фестивал озмуни мазкур ҳанӯз аз моҳи феврал шурӯъ шуд ва дар аввали моҳи март Таҳмина барои ширкат ба он даъват гардид.

Хонум Гулчеҳра мегӯяд, намояндаи Тоҷикистон барои нахустин бор дар ин сабқат ширкат намуда, яке аз зинаҳои болоиро касб намудааст. Ӯ афзуд Таҳмина таронаашро дар саҳна бо либоси аврупоиӣ, ки аз матоъи адрас дӯхтаву зардӯзи шуда буд, тақдим карда тамошобини аврупоиро бо намуди зоҳири ва бо садои ҷазобаш тасхир намуда, сазовори 67 хол аз смс баҳодиҳии онҳо гаштааст.

Тарона ва оҳанги «My heart makes boom boom» ба қалами овозхон, оҳангсоз ва таронанависи озарӣ Сейран Исмоилхонов таалуқ дорад. Таҳмина бо Сейран қаблан ҳамкорӣ намуда алакай чор таронаи ӯро сурудааст.

Созмондиҳандагони фестивали “Suncane skale 2012” мегӯянд, онҳо ҳамасола ин чорабиниро ба хотири рушди шоу-бизнес ва ҷалби сармоягузории рекламадиҳандагон ба ин соҳа ва дарёфти ситораҳои наву тозаи ҳунар, созмон медиҳанд.

Таҳмина ба ин озмун бо дастгирии ҳунарманди озарӣ Сейран Исмоилхонов роҳ ёфтааст. Таронаи "Let the Sunshine" – и Сейран мақоми дуюмро касб кардааст.

Таҳмина Ниёзова имсол бо дипломи аъло факултаи журналистикаи Донишгоҳи тоҷикию славянии кишварро хатм намудааст. То ҳоло 3 клип сабт карда, мехоҳад баъд аз бозгашт аз Монтонегро албоми аввалини худро нашр кунад.
XS
SM
MD
LG