Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи байналмилалии нозири футбол-FIFA пӯшидани рӯсарӣ ба занони футболбози мусулмонро иҷозат додааст.

Ин тасмим рӯзи панҷшанбе баъди мулоқоти раҳбарони FIFA дар шаҳри Сурих эълон шуд.

Қаблан бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ ва динӣ, нозирони футбол пӯшидани рӯсарӣ ва ҳиҷоб дар мусобиқаҳои сатҳи олиро манъ карда буданд. Аммо соли гузашта раҳбарони футбол ба хулоса омаданд, ки ҳиҷоб рамзи фарҳангӣ аст, на динӣ.

Ҳамчунон FIFA ба истифодаи фанновариҳо дар хатти дарвоза рухсат додааст. Моҳи гузашта дар қуваозмоии Украина ва Англлия дар чорчӯби Ҷоми Аврупо доварон надиданд, ки баъди зарбаи футболбози украинӣ тӯб хатти дарвозаро убур намуда буд. Дар натиҷа Украина аз ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд.

Он замон раиси FIFA Зепп Блаттер ба талаби чандинсолаи ҳаводорони футбол сар хам карда, иброз дошт, ки барои ташхиси голҳои баҳсбарангез истифодаи фанновариҳои муосир зарур аст

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG