Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд. Кӣ худравҳоро ба оташ кашид?


Аз ҳодисаи оташзании се автомобил дар назди як бино дар маркази шаҳри Хуҷанд 5 рӯз сипарӣ мешавад, аммо омилони он ҳанӯз ошкор нашудаанд.

Нимашаби шанбе ба якшанбе, шаби 30-юми июн ба 1-уми июл сокинони як бинои бисёрошёна дар маркази Хуҷандро таркиши даҳшатноке аз хоб бедор кард ва онҳо шоҳиди сӯхтори се автомобил дар саҳни бино шуданд. Ин автомобилҳо моли сокинони бино буд, ки то ҳозир шудани мошини оташнишон, ба коми оташ рафт.

Соҳибони автомобилҳои ба коми оташрафта мегӯянд, ки сӯхтор тасодуфӣ ва ё бар асари садамаҳои техникӣ набуд, балки автомобили онҳоро касе ё касони номаълум дар нимашаб оташ зад. Вале бо гузашти 5 шабонарӯз аз ин ҳодиса, маълум кардани шахсияти оташзанҳо ба мақомоти тафтишотӣ муяссар нашудааст. Рустамҷон Муродов, муфаттиши идораи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ба "Озодӣ" дар ин бора гуфт: «Ҳоло не. Аммо тафтиш давом дорад, мо ҳоло дар ҷойи ҳодиса. Натиҷаи тафтишро гуфтан наметавонам.»

Ин дуввум ҳодисаи расонидани зиёни молӣ ба сокинони Суғд аст, ки дар якуним моҳи ахир рух медиҳад. Охири моҳи май як гурӯҳи шахсияташон то ба ҳол номаълум ба як қабристони канори Хуҷанд шабохун зада, сангҳои болои бархе аз қабрҳоро шикаставу пора карданд. Сокинонро шеваҳои нави зиёнҳои моливу равонӣ расонидан ба онҳо, хоҳ ба хотири мухолифатҳои мазҳабӣ бошад, хоҳ аз рӯи бахилӣ ё қасосгирӣ, нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, аз амнияти молу ҷони худ дилпур нестанд.

Рӯзи чоршанбеи 5 -уми июл ба бинои 162 - и кӯчаи марказии Хуҷанд, ба номи Ленин рафтам. Дар саҳни бино се автомобили сӯхта ҳамоно дар ҷойи худ меистоданд ва аз намуди онҳо аён буд, ки корношоям шудаанд. Матлубахон ном сокини ин бино ва хоҳари яке аз ҷавонони автомобилаш ба коми оташ рафта, мегӯяд: «Худо худаш медонад. Аммо ба гумони мо автомобилҳоро қасдан оташ заданд. Аз овози баланди таркиши мошин бедор шудем. Оташ баланд буд, хомӯш кардан нашуд. Оташнишонҳо бо мошини худ омаданд, аммо дертар. Милисаҳо аз ин ҷо дастпӯшаку болғача ёфта бо худ бурданд. Гуфтанд, ки то охири тафтиш касе ба автомобилҳо даст нарасонад.»

Аз соҳибони автомобил яке корманди бонк, дуюмӣ раҳбари ширкати мобилӣ, сеюмӣ муаллими мактаби миёна мебошанд. Аз ҳама бештар автомобили Мунирхон Юнусов, раҳбари ширкати мобилии «МТеко» дар вилояти Суғд сӯхтааст. Вай дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: «Ман автомобили КИА – К7», барориши ҳамин солро харида, рӯзи ҷумъаи 29 июн ба номам гузаронидам. Пагоҳаш оташ заданд. Ҳатто ба суғурта кардани он фурсат наёфта будам. Ман ба милисаҳо гуфтам, ки шумо каси ҳамин кора кардагиро ёбед, мехоҳам, ки як бор ба чашмонаш нигоҳ кунам.»

Ба гумони бархе шоҳидони ҳодиса, нахуст автомобили Юнусов оташ гирифта, сипас ба автомобилҳои ду канораш гузаштааст. Соҳибони автомобилҳои оташсӯхта як кори бадқасдона ва ё ба хотири ниқоргирӣ будани оташзании автомобилҳояшонро низ рад мекунанд ва мегӯянд, агар чунин мебуд, мақомоти интизомиро ҳатман дар ҷараён мегузоштанд.

Мақомоти интизомӣ зарарҳои расида ба соҳибони автомобилҳои сӯхтаро ҳудуди 35 ҳазор доллар баровард кардааст. Ва дар мавриди ин ҳодиса мутобиқи банди «қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол»- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда боз кардааст.
XS
SM
MD
LG