Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Десанти хирсакҳои махмалин дар ҳавои Беларус


Ҳавопаймои Томас Мазеттӣ, ки гӯё ғайриқонунӣ ба Беларус ворид шудааст
Ҳавопаймои Томас Мазеттӣ, ки гӯё ғайриқонунӣ ба Беларус ворид шудааст
Сокинони шаҳраки канори Минск иддаои як шаҳрванди Шветсияро, ки мегӯяд, ба нишони дастгирии озодии баён дар ҳарими ҳавоии Беларус ҳазор хирсаки махмалин ҳаво додааст, тасдиқ мекунанд.
Халабони ҳавопаймо Томас Мазеттӣ мегӯяд, ӯ бо ҳавопаймояш ғайриқонунӣ аз Литва ба Беларус дохил шуда, хирсакҳои махмалинро бо навиштаи “Моро наметавонед хомӯш кунед!” аз ҳавопаймо ба замин партофтааст. Навори ин амал дар интернет ҳам ҷой дода шудааст. Як сокини шаҳри Иванетск, воқеъ дар 50 километрии пойтахти Беларус дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар идораи полис хирсакҳоро мушоҳида кардааст.
Ба қавли Мазеттӣ ӯ 3-уми июл як рӯз пас аз ҷашни истиқлоли Беларус ин амалиётро гузаронидааст, зеро бовар доштааст, ки баъди зиёфати идона фармондеҳон ба ҳеҷ коре қодир нахоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG