Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори конгрессменҳои ИМА бо Эмомалӣ Раҳмон


Мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Денни Бартен
Мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Денни Бартен

Шоми 5 июл гурӯҳе аз конгрессменҳои амрикоӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯеро анҷом доданд.

Сӯҳбати конгресменҳои амрикоӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ якуним соат давом кард. Дар ин муддат онҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, ба хусус рушди иқтисодиётро баррасӣ карданд. Ҳамчунин зимни сӯхбат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бекор кардани ислоҳи Ҷексон-Венникро ба қонуни тиҷорати Амрико, ки дар даврони Шӯравӣ қабул шуда буд ва то кунун барои густариши ҳамкории ду кишвар халал мерасонад, матраҳ кард. Конгресменҳои амрикоӣ ваъда карданд, ки ин масъаларо дар Конгресс ба баррасӣ мегиранд ва роҳи ҳалли онро пайдо мекунанд.

Денни Лӣ Бартен, раҳбари ҳайати конгрессменҳои амрикоӣ пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон чунин гуфт:

- Мо мақсад гузоштем, ки баъд аз бозгашт ба Вашингтон ин масъала ҳалли худро бояд ёбад ва Тоҷикистон ба узвияти Созмони Ҷаҳонии тиҷорат шомил шавад.

Ислоҳоти Ҷексон-Венник ба Қонуни тиҷорати ИМА соли 1974 аз тарафи ду конгрессмени давр Ҳенри Ҷексон ва Чарлз Венник пешниҳод шуда буд. Мақсади ин санад маҳдуд кардани фазои тиҷорат дар байни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Он ҳамчун аксуламал ба қарори президиуми Иттиҳоди Шӯравӣ доир ба маҳдуд кардани муҳоҷирати шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ қабул шуд.
Айни ҳол санади мазкур рисолат ва зарурати таърихиашро аз даст дода, ба монеаи рушди ҳамкориҳо табдил ёфтааст.



Сафари конгрессменҳои амрикоӣ ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00
Линки мустақим



Тоҷикистон ба назари конгресменҳо дар таъмини бехатарии минтақа нақши бузургро мебозад. Ғайр аз ин ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳамсарҳад будани он бо якчанд кишварҳои муҳим таваҷҷӯҳи Амрикоро ба худ ҷалб мекунад. Намояндагони мардуми Амрико зикр карданд, ки мақсади сафари онҳо ҳам ин буд, ки аз ин кишвар аз наздик дидан кунанд.

Денни Лӣ Бартен мегӯяд:

- Тоҷикистон дар дили Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ва аз ҳамин хотир дар равандҳои минтақавӣ кишвари калидӣ ба ҳисоб меравад. Мо таъкид кардем, ки Тоҷикистон ҳатман бояд шомили лоиҳаи «Роҳи абрешим» шавад, чун аз ҳоло таъминоти нерӯҳои НАТО ба қаламрави он ба роҳ монда шудааст.

Сафари ҳайати ҳаштнафараи конгрессменҳои амрикоӣ ба Тоҷикистон бори аввал сурат мегирад. Худи конгрессменҳо таъкид намуданд, ки ин сафари таърихист ва чунин ташрифҳо минбаъд бештар хоҳанд шуд. Зимни ин сафари дурӯза, вохӯрии конгрессменҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ ва хабарнигорони мустақил дар назар аст.

Узви ҳайат Грегори Велдон Микс мегӯяд:

- Муносибатҳои Тоҷикистону Амрико ояндадор аст ва он на барои даҳсолаҳо балки ба 100-солаҳо нигаронида шудааст. Мардуми ҳарду кишвар меҳоҳанд мушкилиҳои замонро аз қабили таъмин бо ҷои кор, беҳдошт, сатҳи зиндагӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ғайраҳоро баррасӣ кунанд. Ва барои ҳалли он мо бояд бо ҳамдигар вохӯрем ва мубоҳиса кунем.

Дар охир меҳмонони амрикоӣ ҷавонони тоҷикистониро барои ташриф ва таҳсил ба Иёлоти Муттаҳида даъват карданд ва таъкид карданд, ки ин барои наздикшавӣ ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар солҳои минбаъда мусоидат хохад кард.
XS
SM
MD
LG