Садҳо нафар мухолифони давлати Украина имрӯз дар шаҳри Киев бар зидди додани мақоми давлатӣ ба забони русӣ эътироз карданд. Ҳизби минтақаҳо, ки дар порламон аксариятро ташкил мекунад, бо саросемагӣ пешнвиси ин қонунро ба тасвиб расонд ва он боиси моҷаро дар порламон шуд.
Володимир Литвин-раиси порламон ба нишонаи эътироз ба ин қонун ба таври расмӣ аризаи истеъфо навишт ва истеъфои худро эълон кард. Тибқи ин қонун акнун истифода аз забони русӣ дар додгоҳҳо, дар мактабҳову донишгоҳҳо ва ниҳодҳои давлатии минтақаҳои русизабон иҷоза дода мешавад.