Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои Конгресси Амрико ба Тоҷикистон омаданд


Ҳудуди 10 узви Конгресси Амрико имрӯз пас аз зӯҳр вориди Душанбе – пойтахти Тоҷикистон шуданд.

Маркази матбуотии дафтари раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳайат дар навбати аввал бегоҳи имрӯз бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад. Ин ҳайат то ду рӯзи дигар дар Тоҷикистон мемонад ва бо мақомоти гуногун, аз ҷумла раҳбарони парлумон, аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад.

Дар бораи мӯҳтавои барномаи онҳо то ба ҳол тафсилоте дода нашудааст.
Сафари ҳайати конгрессменҳои амрикоӣ дар ҳолест, ки баҳси Тоҷикистону Русия сари пойгоҳи низомии 201 чархиши нав мегирад ва то охири соли оянда нерӯҳои байнулмилал хоки Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Қаблан Сюзан Марш Элиот, сафири тозатаъйини Амрико дар Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбаташ дар ҷаласаи сенати Амрико ин кишвари Осиёи Марказиро боэътимодтарин масири хуруҷи нерӯҳои НАТО унвон карда буд.
XS
SM
MD
LG