Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин бод, ки аз сӯи Саудӣ ояд...


Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз ҳаракати ҳавои гарми Арабистони Саудӣ ба Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Наталя Версикова, корманди Марказ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзҳои 9, 10 ва 11 июл гармои Саудӣ ба Тоҷикистон хоҳад расид ва он рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар пойтахт аз 39 дараҷаи гармои рӯзҳои ахир ба 45 дараҷа боло меравад. Хонум Версикова гуфт, ҳамчунин тағйирёбии ҳаво солҳои ахир ба як воқеияти минтақаву Тоҷикистон табдил меёбад, ки ба тағйири иқлим дар рӯи ҷаҳон бастагӣ дорад.

Иддае аз коршиносон қаблан аз он нигаронӣ карда буданд, ки гармии ҳаво пиряхҳои Тоҷикистонро об мекунад ва аз оби онҳо селхезиву хисорот дар кишоварзӣ пеш меояд ва идомаи ин вазъ камбуди об дар минтақаро дар пай хоҳад дошт.


Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорати ҳавои «арабӣ» - ро дар Тоҷикистон чунин пешбинӣ мекунад: вилояти Суғд - шабона 19-24, рӯзона – 39-44, вилояти Хатлон - шабона 21-26, рӯзона – 40-45, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шабона – 17–22, рӯзона - 33-36, навоҳии тобеи марказ ва Душанбе - шабона - 22-24, 40 - 42 дараҷа гарм.
XS
SM
MD
LG