Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод Мурсиро ба муносибати интихобаш табрик кард


Маҳмуди Аҳмадинажод
Маҳмуди Аҳмадинажод
Хабаргузории давлатии Миср иттилоъ додааст, ки Маҳмуди Аҳмаднажод-раиси ҷумҳури Эрон дар як сӯҳбати телефонӣ Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури тозаинтихоби Мисрро ба муносибати интихобаш табрик гуфтааст.

Баъд аз савганди раёсати ҷумҳурии Мурсӣ ин нахустин тамоси миёни ду раҳбар будааст. Аҳмадинажод аз Мурсӣ даъват кард, ки дар ҳамоиши кишварҳои ғайримуттааҳҳид дар Теҳрон ширкат кунад. Ин ҳамоиш 29 август баргузор хоҳад шуд.

Вале гуфта намешавад, ки Муҳаммад Мурсӣ ин даъватро пазируфтааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG