Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлу нақли борҳои НАТО аз роҳи Покистон аз сар гирифта шуд


Мошинҳои бории НАТО дар Покистон
Мошинҳои бории НАТО дар Покистон
Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки мошинҳои борӣ, ки ба ҳамлу нақли борҳои НАТО машғул буданд, баъд аз 7 моҳи таваққуф дубора ба ҳамлу нақли борҳои НАТО аз роҳи Покистон шурӯъ кардаанд.

Покистон розӣ шудааст, ки рӯзи сешанбе баъд аз “узрхоҳии самимона”-и Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико барои куштори 24 сарбози покистонӣ дар як ҳамлаи ҳавоии нируҳои Амрико дар моҳи ноябр роҳро дубора боз кунад.

Бастани масири Ҷануб аз роҳи Покистон НАТО-ро водор кард, ки роҳҳои дигар, яъне дар масири Шимол тавассути Осиёи Марказӣ ва Русия ҷустуҷӯ кунад. Ин масир барои ҳамлу нақл гаронтар аст.
XS
SM
MD
LG