Дар Покистон ҳазорҳо ронандаи мошини боркаш мунтазири оғози дубораи интиқоли бору муҳиммоти паймони НАТО ба Афғонистон мебошанд. Раиси Иттиҳодияҳои соҳибони мошинҳои интиқолдиҳандаи маводи сӯхт Акрамхон Дурронӣ гуфт, ин тасмим барои даҳ ҳазор ронандаи иттиҳодия хушхабар аст. Онҳо мисли дигар ронандагони мошинҳои боркаш ҳафт моҳ инҷониб шуғли зиёд надоштанд. Моҳи ноябр баъди куштори тасодуфии 24 сарбози покистонӣ дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоии паймони НАТО Покистон истифодаи роҳҳои заминиашро барои интиқоли молу колои НАТО манъ кард. Рӯзи сешанбе баъди машварат бо мақомоти ИМА ҳукумати Покистон эълон кард, ки роҳҳои заминӣ ба Афғонистон барои корвонҳои НАТО боз мешаванд, вале то ҳанӯз эълон нашудааст, ки кай аввалин корвони НАТО озими Афғонистон хоҳад шуд.