Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Арафотро аз нав таҳқиқ мекунанд


Кудакони фаластинӣ дар назди қабри собиқ раҳбари фаластиниҳо Ёсир Арафот
Кудакони фаластинӣ дар назди қабри собиқ раҳбари фаластиниҳо Ёсир Арафот
Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, онҳо иҷозат хоҳанд дод, ки барои тафтиши сабаби марги собиқ пешвои фаластиниён Ёсир Арафот ҷасади ӯ аз қабр берун кашида шавад.
Раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос иброз дошт, ки мақомот дар идомаи таҳқиқ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Баъди эълони натиҷаи таҳқиқи чизу чораи рӯзҳои ахири ҳаёти Ёсир Арафот ҳамсари собиқ раҳбари фаластиниҳо хонум Суҳо даъват кард, ки колбади ӯ мавриди таҳқиқ қарор гирад. Пеш аз он як пажӯҳишгоҳи Швейтсария таҳқиқи чизу чораи Арафотро доир намуда, иброз дошт, ки дар он мизони маводи радиоактив хеле баландтар аз меъёр аст.
Чизу чора ва либоси Арафот бо дархости хонум Суҳо таҳқиқ шуда буд.
XS
SM
MD
LG