Тоҷикистон тӯҳмату тавҳинро аз қонуни ҷиноии ин кишвар хориҷ намуд. Акнун дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ин навъи хилофкориҳоро додгоҳи шаҳрвандӣ муҳокима хоҳад кард.
Рӯзи чоршанбе дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ин тағйиротро ба имзо расонд.
Аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 рӯзноманигорони мустақили ин ҷумҳурӣ аз фишори мақомот шикоят доштаанд.
Чанде пеш Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оғози бознигарии ин санадро хуш пазироӣ намуда буд. Дар ҳамин ҳол хотирнишон шудааст, ки бар пояи замимаи қонунҳои мавҷуда беэҳтиромӣ ба президенти Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ҷарима ва ё то панҷ сол маҳрумият аз озодӣ муҷозот мешавад.