Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқаддас Раҳмонова барандаи озмуни суруди англисӣ шуд


Сафорати ИМА нахустин озмуни сурудҳои англисиро дар Душанбе ҷамъбаст кард.

Кен Гросс - сафири ИМА дар Тоҷикистон, Вера Кулакова - мудири радиои "Ватан" ва овозхони маъруфи гурӯҳи "Шамс" Нобовар Чаноров нахустин озмуни сурудхонӣ дар «Гӯшаҳои Амрико»-ро ҷамъбаст намуданд. Чорабинии мазкур дар «Гӯшаи Амрико»-и пойтахт, вокеъ дар бинои «Китобхонаи миллӣ» бо иштироки беш аз 150 нафар баргузор гардид.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо пахши иттилоияе мегӯяд, ин озмунро бо ҳадафи дастгирӣ ва қадрдонии ҷавонони боистеъдоди кишвар ва таблиғи омӯзиши забони англисӣ тавассути фарҳангу мусиқӣ дар саросари кишвар ташкил кардааст.

Тайи ду моҳи охир озмунҳои минтақавӣ дар шаш «Гӯшаи Амрико»-и саросари Тоҷикистон – дар Душанбе, Хуҷанд, Ғарм, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ баргузор
гардидааст. Дар он беш аз 100 ҷавони аз 16 то 25-сола ширкат варзидаанд. Аммо аз ҳар як «Гӯшаи Амрико» барои дар барномаи ҷамъбастии озмун муаррифӣ намудани минтақа як нафар ғолиб интихоб карда шуд.

Аз шаҳри Душанбе Муқаддас Раҳмонова, аз Хуҷанд Парвиз Юсупов, аз Ғарм Фарангис Бобиева ва Моҳира Мамаҷонова, аз Қӯргонтеппа Ҳомид Холов, аз Кӯлоб Нигораи Салим, Амир Мамадамбаров ва Ҷумъа Мамадамонов аз Хоруғ ғолиб интихоб шуда буданд.

Ин ғолибон бо сароидани таронаҳои англисӣ дар даври ниҳоии озмун ширкат намуданд. Дар фарҷоми намоиш ба Муқаддас Раҳмонова ҷои аввал, ба Нигораи Салим ҷои дуюм ва ба Парвиз Юсупов ҷои сеюм насиб шуд.

«Гӯшаҳои Амрико» марказҳои махсуси иттилоотӣ буда, дар назди мактабҳо, китобхонаҳо ва дигар муасиссаҳои ҳамкор дар саросари ҷаҳон барои шинос намудани ҷавонон бо ИМА мусоидат мекунанд.
XS
SM
MD
LG