Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони давлати Сурия дар Қоҳира музокира мекунанд


Намояндагони гурӯҳҳои гуногуни мухолифони Сурия, ки миёни худ ваҳдати назар надоранд, рӯзи дуввум аст, ки ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани барномаҳои худ барои давраи гузор музокироти худро дар Қоҳираи Миср идома медиҳанд. Ин музокиротро кишварҳои Ҷомеаи Араб созмон додааст.

Музокирот дар ҳоле анҷом мегирад, ки Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, азияту озор ва шиканҷаҳои дардовари шаҳрвандон ба сиёсати давлатии Сурия табдил ёфтааст. Оле Солванг-корманди ин созмон мегӯяд:

“Он чӣ аз ин гузориш комилан рӯшан аст, ин аст, ки шиканҷа густариш ёфтааст ва ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Маълумоте, ки мо дар ихтиёр дорем, гувоҳӣ медиҳад, ки шиканҷа сиёсати давлатӣ шудааст ва аз он истифода мекунанд”.

Дар гузорише, ки рӯзи сешанбе ба чоп расид, ин созмон гуфтааст, шиканҷа дар Сурия ба ҷинояти зидди башарӣ мубаддал шудааст ва Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт бояд ба он расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG