Довталаби чапгарои курсии президентии Мексика Андрес Мануэл Лопез Обрадор пирӯзии рақибаш Энрике Пена Ниеторо эътироф накардааст. Дар як нишасти матбуотӣ Лопез Обрадор гуфт, ки интихоботи рӯзи якшанбе “касиф” будааст. Баъди эълони аввалин натиҷаҳои интихобот маълум шуд, ки Пена Нието бо 38 дар сади раъйҳо дар ҷои аввал ва Лопез Обрадор бо 31 дар сади овозҳо дар ҷои дуюм қарор дорад. Лопез Обрадор иброз дошт, ки ҳизби Пена Нието барои харидани раъйҳои мардум чандин миллион пессо масраф кардааст. Ӯ ҳамчунон гуфт, ки матбуот аз Пена Нието ҷонибдорӣ кард. Соли 2006-ум Лопез Обрадор дар интихоботи президентӣ ноком шуда буд. Ӯ он замон гиридиҳамоии эътирозӣ ташкил карда тӯли тахминан як моҳ ҳаёти пойтахти Мексикаро дарҳаму барҳам зада буд.
Эътирози номзади нокоми курсии президенти Мексика
