Дирӯз тенисбози рус Мария Шарапова дар мусобиқаи Уимблдон (Wimbledon) шикаст хӯрда, мақоми аввал дар миёни беҳтарин тенис бозони ҷаҳонро аз даст дод. Варзишгари олмонӣ Сабина Лиситскӣ, ки дар ҷои 15-ум қарор дорад, рӯзи душанбе Шараповаро бо ҳисоби 6 бар 4 ва 6 бар 3 ноком кард. Шарапова, ки дар соли 2004-ум дар мусобиқаи Уимблдон ғолиб шудааст, моҳи гузашта баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи маъруфи чемпионати кушодаи Париж ба ҷои аввал баромада буд.