Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷии Ҳинд ба Душанбе омад


Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар нимаи дувуми рӯзи 2 июл ҷиҳати анҷоми як сафари ду рӯза вориди Душанбе шудааст.

Соманаҳолӣ Кришна, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар ҷараёни ин сафар бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳадаф аз сафари ин мақоми баландпояи Ҳиндустон тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ миёни ин ду кишвар хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки дар дидор ва мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин вазъи амнияти минтақа, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводди мухаддир ва вазъ дар Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҳиндустон яке аз кишварҳое аст, ки аз замони касби истиқлол бо Тоҷикистон робитаҳии худро барқарор карда ва дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла низомӣ кӯмакҳо кардааст. Бо ҳафтод миллион доллар сармояи ҳукумати Ҳиндустон фурудгоҳи низомии мавсум ба Айнӣ дар 20 километраи ғарби Душанбе навсозӣ шудааст.

Ва дар ин кишвар шуморе аз афсарони нирӯҳои низомии Тоҷикистон таълим мегиранд. Афзун бар ин Ҳиндустон қасд дорад барои низомиёни тоҷик сохтмони як бемористонеро дар ноҳияи Фархор, қисмати ҷанубии Тоҷикистон таъмир ва навсозӣ карда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад.

Хабарҳо ҳокист, ки Ҳиндустон ният дорад хатти парвози фурудгоҳи ноҳияи Фархорро бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ созад. Дар чанд соли пеш ин кишвар ду чархболи навъи МИ-8-и сохти русиро харидорӣ карда ва дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вогузор карда буд.
XS
SM
MD
LG