Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи ғайринтизори интихоботи Мексика


Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии Мексика баёнгари он аст, ки Ҳизби Ниҳоди Инқилобӣ баъди 12 сол дигарбора дар ин кишвар ба қудрат бармегардад. Энрике Пена Нието, аз ин ҳизб, ки 70 сол дар Мексика ҳукмронӣ кардааст, 38 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Номзади чапгароён Андрес, Мануэл Лопес Обрадор, 32 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст ва Жозефина Вазкуез Мота, аз ҳизби феълии ҳоким 25 дар сади ороро аз они худ кардааст. Энрике Нието баъди эъломи натиҷаҳои муқаддамотӣ гуфт, ки “барои тамоми мардуми Мексика хидмат хоҳад кард.” Филип Калдерон, раиси ҷумҳури феълӣ бинобар қатлу куштори зиёд дар муноқишаҳои қочоқбарони маводи мухаддир ҳимояти мардумро аз даст додааст. Сар аз соли 2006 то кунун дар Мексика дар моҷароҳои вобаста ба қочоқ бештар аз 50 ҳазор нафар кушта шудаанд. Гузашта аз ин тақрибан 47 дар сади аҳолии 12 миллионнафарии Мексика фақир ҳастанд.
XS
SM
MD
LG