Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекорӣ дар ҳавзаи евро ба ҳадди рекордӣ расид


Бекорӣ дар 17 кишвари ҳавзаи евро ба ҳадде расидааст, ки то кунун мушоҳида нашуда буд. Евростат, муассисаи омори Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе гуфт, мизони бекорӣ дар ҳавзаи евро моҳи май назар ба моҳи апрел, ки 11 дар сад буд, боло рафта ба 11,1 дар сад расидааст. Бекорӣ ҳамчунон дар Испониё зиёд аст, ки онҷо тақрибан 30 дар сади аҳолиаш бекор будаанд ва баъдан мардуми Юнони дармонда дар қарз. Дар маҷмӯъ моҳи май бештар аз 17 миллион 600 ҳазор нафар дар саросари кишварҳои ҳавзаи евро ҷойи кор надоштаанд, ки тақрибан 2 миллион нафар бештар аз соли гузашта аст. Бӯҳрони молӣ дар ҳавзаи евро сабаби афзоиши бекорӣ дар кишварҳои ин ҳавза шудааст.
XS
SM
MD
LG